Маро дар ишқи ҷузи дард дилӣ нест
Чу аз васлнигорам ҳосилӣ нест
Агар пеш ту осонаст ҷоно
Маро чун рӯзи ҳиҷрон мушкилӣ нест
Биҷуз меҳрат намеварзем корӣ
Биҷузи кӯии ту моро манзилӣ нест
Маро гӯйанд дил додӣ ту бар бод
Фидои бодои туро ғайр аз дилӣ нест
Мҷўӣ аз варта ӣ ишқаши халосӣ
Ки баҳри ишқ ӯро соҳилӣ нест
Шудам девона аз занҷири зулфаш
Вазин савдо ба олам оқилӣ нест
Сабо аз ман паёмӣ назд дилдор
Расон чун ҷузи ту моро ҳомилӣ нест
Дил аз ман бастад ва дар дайгарии баст
Чу май байнам чу шахсам ғофилӣ нест
Ту дилбар дар ҷаҳони ҷони ҷаҳонӣ
Ҷаҳонро бе ту худ ҷон ва дилӣ нест