Ҳеҷ дилӣ нест ки дар дард длоромӣ нест

Дили мискини маро дар ғамат оромӣ нест

Гуфтам аз қайди ду зулфат биҷаҳад мурғи дилам

Гуфт ҷое натавон ёфт казу домӣ нест

Гарчи ман сӯхтаам дар ғами айёми фироқ

Ҳеҷ шаб нест ки дар маҷлиси мо хомӣ нест

Санги беҳудаи миндози дарин суҳбати танг

Зонкаҳи нозуктар аз ин хотири мо ҷомӣ нест

Ҳамчуи субҳи рахт эй дӯст набошад шамъӣ

Ҳамчуи зулфин парокандаи ту шомӣ нест

Некуӣ кун ба ҷаҳон каз ту бимонад боқӣ

Зонка дар ҳар ду ҷаҳони беҳтар аз ин номӣ нест

Ҷоми нокомӣ даврон бичиш эй дил ки магар

Гӯйӣ аз шодии айёми туро комӣ нест