Чаро ба сӯии ман хастаи ?ут нигоҳӣ нест
Ки ҷуз дар ту маро дар ҷаҳон паноҳӣ нест
Макун ҷафо ва бидиҳ дод бе дилони комрўз
Ба малик ҳар ду ҷаҳон чун ту подшоҳӣ нест
Ситами мадори раво бар ман ғариби ҳазин
Ки ҷузи вафои ту эй ҷони маро гуноҳӣ нест
Шаби висоли намоям ки дар ғами ҳиҷрон
Қарини мо биҷуз аз нолае ва оҳӣ нест
Манам чу ҳалқаи нигун бар дар сарои умед
Ба боргоҳи висолати маро чу роҳӣ нест
Марои зи ҷамъи гадоёни кӯии худ гардон
Ки муътабартар азин мансабӣ ва ҷоҳӣ нест
Агарчӣ ҷону ҷаҳон дар сар ғамат кардам
Ба давлати ту ба назд дилам чу коҳӣ нест