Рост гӯям мурувват аз олам бирафт
Шарм аз чашм банӣ одам бирафт
Ҳам каму бешии вафо дар халқ буд
Он нашуд беш ин замон ва кам бирафт
Ҳамдамами ғам буд андари ҳиҷри ту
Шукр каз васли туам ҳамдам бирафт
эй басои дардӣ ки будам аз ғамат
Ёфтам васли туро дардам бирафт
Омад аммо пеш мо нанишаст дӯст
Пурсишӣ фармуд ва ҳам дардам бирафт
Аз фироқаши боз бар хоками нишонд
Дар ғамаш аз дида ӣ мо дам бирафт
Офтоби рӯзи васлаш боз шуд
Бори дигар аз ҷаҳон шабнам бирафт