Моро чу аз назари қади сарв равон бирафт
Хӯни дил аз ду дидаи ҷонам равон бирафт
То он қад чу сарв бирафт аз назари маро
Ҷон рафт аз бар ман ва дар пай равон бирафт
Баъд аз ҳазор ваъда наомад дамӣ барам
Нанишаст як замон бар мо , дар замон бирафт
Ҳар чанд лоба кардам ва гуфтам дамии Марв
Нишнид қавли мо ва чу тир аз камон бирафт
Чандон ду дида ашк баборед дар ғамаш
Каз хӯн дидаам ба ҷаҳон новдон бирафт
Нанишаст хотирами ббҳшти барин дамӣ
То аз ду дидаи сӯрати он длстон бирафт
То ту зи пеши дидаи мо рафтае ба ноз
эй сарви ростӣ ки қарор аз ҷаҳон бирафт
Икдм нарафт аз назари мо хаёли сарв
То дар чамани зи пеши ду чашмам ҷаҳон бирафт
Гӯйанд кас надид ки аз ҷисм рафт ҷон
Дидам ба чашми хеши зи пешам ки ҷон бирафт