Дарди дардат то ба кӣ нӯшем мо

Сари ишқат то ба кӣ пӯшем мо

Деги савдои туро то пухта ем

зи оташи ишқи ту дар ҷӯшем мо

То паёмат оварад боди сабо

Бар сари раҳи ҷумла тан гӯшем мо

Гарчи чун неи захм ҳар дастӣ хӯрем

Дар ғами ҳиҷр ту хомӯшем мо

Дар фироқати ҷома ӣ ҷон чок шуд

Бо либос сабр мепӯшем мо

Дӯш мегуфтӣ шабии бнўозмт

Бар умеди ваъда ӣ дӯшем мо

Шарбат васлам бидиҳ каз ҷоми ҳиҷр

Волау ҳайрон ва мадҳушем мо

Бар намеойем бо дарду ғамат

Чанд бо ҳиҷрон ту кӯшем мо

Мо зи ёдати як замон холӣ неем

Гарчи аз ёдат фаромӯшем мо

Гар ҳамаи малик ҷаҳонам ме диҳанд

Як сари мӯӣ ту нафурӯшем мо