Биҷузи хаёли ту дар чашм мо наёяд ҳеҷ
Биҷузи висоли ту дар оламам набояд ҳеҷ
Агарна меҳр ту бошад зи сина дил бикашам
Биҷои меҳри ту дар хотирам нишоед ҳеҷ
Ба ғайри меҳри рухи офтобпарвар ту
зи модари ғами ишқам дигар назояд ҳеҷ
Ба ғайри тухми ғами ту ки дар ҷаҳони корам
Ба хӯни дидагараш пурварам барояд ҳеҷ
Ба ғайри накҳати зулфин анбарин бӯяш
Насими боди биҳишт аз буриш наёяд ҳеҷ
Сабо бигӯ банигорам ки тӯтии комам
Ба ғайри лаъли шкрбори ту нхоиди ҳеҷ
Ба ҳеҷ бар нагирифтамнигор сангини дил
Ҷаҳон агар ба ғам ӯ ба ман сроиди ҳеҷ