Чаро ба кори ман эй ҷон вафо накардӣ ҳеҷ

Ба ҳоли хастаи дилони ҷуз ҷафо накардӣ ҳеҷ

Чаро зи лаъли лаби обдори худ комам

Шабии з рӯй иродат раво накардӣ ҳеҷ

Табиби дарди манӣ рости гӯ ки аз чаҳ сабаб

зи рӯзи васли диламро даво накардӣ ҳеҷ

Ба лутф бо ҳамаи кас дар миёну баси шодон

Ба бахти мо биҷуз аз моҷаро накардӣ ҳеҷ

Басӣ хитоб кашидам зи рӯзи ҳиҷронат

Ба васли мо ту ба ғайр аз хато накардӣ ҳеҷ

Чу сарв ноз хиромедае миёни чаман

Назари з рӯй аноят ба мо накардӣ ҳеҷ

Ту подшоҳи ҷаҳонӣ ва ман гадои ғариб

Тараҳҳумии з чаҳ рӯ бар гадо накардӣ ҳеҷ