Биёи латофати гулро бибин ба вақти сабӯҳ
Ки то зи хавфи бёсоидми замонии рӯҳ
Ба вақти гули дили худро мадори танги зи ғам
Яқин бидон ки дарин мавсимаст айни футуҳ
Басони булбули шӯридаи дили зи бими фироқ
Ҳазор нола барорам ман аз дили маҷрӯҳ
Ба субҳ дар чаман гул шудам ба гул гуфтам
Ба мадҳ рӯй ту модҳи манам туе мамдуҳ
Агар ҷаҳони ҳама тӯфон бигирад ӯ чаҳ ғамаш
Касе ки даст умедаш расад ба домани Нӯҳ