Ёри мо шабҳои торӣ бар ту ҳамчун рӯзи бод

Солу моҳу ҳафтау рӯзат ба аз наврӯзи бод

Лашкари Мансури ройоти ҳумоюни ту гашт

Доим аз фатҳу зафар бар душманони фирӯзи бод

Ҷони бадхоҳони ҷоҳат эй ду дидаи ҳамчуи шамъ

Дар сари болини айшати рӯзу шаб дар сӯзи бод

Дшмнонт ҳамчу рӯбоҳанд ҷоҳо дар камӣн

Шери чархи ҳафтумин пеши ту даст омӯз бод

Теғи қаҳри ҷони ситонат эй зи ҷони хуштар маро

Дар ду чашми дшмнонти новаки длдўзи бод

Чун ба нахҷӣри саодат майл фармое зи ҷон

Баси паланги сифлаи даврони туро чун юзи бод

Шамъи ҷамъи хотири маҳзуни мое ростӣ

Дар шабистони вафои доими ҷаҳони афрӯзи бод