Дарун дида нишастӣу дили шиддати маъво

Назар чаро накунӣ длброи зи меҳр ба мо

Ту ҷонӣу тани ранҷури ман чунин маҳҷӯр

з рӯй лутф нигоро машав зи тани ту ҷудо

Назар ба ҷониби дармондагон ҳиҷрон кун

Ки нест ғайри висоли туашон зи ҳеҷ даво

Парии рхо ба чаҳ аз чашм мо шудӣ пинҳон

Ба рағми душманам эй дӯсти рӯбаҳ ман бинмо

Вафо агарчӣ набӯдаст дар ҷаҳони ҳаргиз

Вале зи аҳли ҷаҳон ҳам бирафт меҳру вафо

Ба ҷузи вафо ки намудем бигӯ гуноҳам чист

Чаро дилам бишикастӣ сетгаро ба ҷафо

Агарчӣ тарки хатое хато кунад бисёр

Худоиро ки бигардон Аннани зи роҳи хато

Манам фақиру ҳақир ва ту подшоҳи ҷаҳон

зи дасти ман чаҳ барояд бигӯ ба ғайри дуо

Маро чу бор набошад ба ҳазратат чаҳ кунам

Паёми ман ки расонади магари насими сабо