Дилами ҳиҷри ту ёро барнатобад

Фироқати санг хоро барнатобад

Макун бар ваъдаам зин беш дилшод

Казин пас дил мудоро барнатобад

Мазан зин беш бар дили теғи ҳиҷрам

Ки аз дастат нигоро барнатобад

Ба ҷон омад дилам аз ҷаври зин беш

Ситам аз ту худоро барнатобад

Ту ҷӯрӣ мекунӣ бар ман зи ҳад беш

Дилами зин беш ёро барнатобад

Ниҳон мекун дило асрори ишқаш

Ки розаш ошкоро барнатобад