Нигор ман дилӣ чун санг дорад

зи номи ошиқонаш нанг дорад

Дилам бар оташи ҳиҷрон ӯ сӯхт

Кунун бод аз ғамаш дар чанг дорад

Маро бо ӯ сар сулҳасту ёрӣ

Чаро бо мо ҳамеша ҷанг дорад

зи дасти рӯзи ҳиҷронаши худо ро

Диламро чун даҳонаш танг дорад

Сеӣ сервисат дар боғи дили мо

Ба дастони ҳила ва найранг дорад

Чаро бе ҷурмии он ёри ситамгар

Ба хӯни ҷони мо оҳанг дорад

Хушо ҳоли дилӣ кандар ҷаҳон ӯ

Ду гӯшу ҳушу рӯ дар чанг дорад