Сабурӣ дар ғами ҷонон ки дорад

Давои дард бедармон ки дорад

Маро гуфтед бесомонӣ аз ишқ

Ба ишқи ту сарви сомон ки дорад

Ба ҷон омад дилам дар банди ҳиҷрон

Чунин мушкил бигӯ осон ки дорад

Табиби ман туе охир нагӯйӣ

Ки дарди дили зи ту пинҳон ки дорад

МФрмои сабрам аз рӯй длором

Сабурӣ аз рухи ҷонон ки дорад

Хаёлати нур ҳар ду дидаи мост

Бигӯ то ин чунин меҳмон ки дорад

Ҳамаи касро буд меҳри ту дар дил

Биҷузи ман меҳри ту дар ҷон ки дорад

Ҷаҳонӣ дар ғамати баси ношкибнд

Аз ин пас тоқати ҳиҷрон ки дорад

Ба ид рӯй ту ҷони ҷаҳон ро

Фидо кардам чунин қурбон ки дорад