Нигор аз ҳоли зорам ғам надорад
Ба риши хотирам марҳам надорад
Табиби санг дил донам ки дар даст
Ба як мӯи доруӣ дардам надорад
Дили мискини ман дар дарди даврӣ
Ба ғайр аз ғам касе ҳамдам надорад
Аз он рӯ бар маниш раҳмат наёяд
Ки аз ман бандаи беҳтар кам надорад
Ҳилоли ид май ҷустам чу дидам
Чу абрӯии бути ман хам надорад
Ҷуз инаш нест айбии кони длором
Баннои аҳди худ муҳкам надорад
Агар олами ҳама тӯфон бигирад
Ҷаҳон аз давлат ӯ ғам надорад