Меҳри рӯйиш на чунонам нигарон ме дорад
Доимами хӯни дил аз дида равон ме дорад
Ин чунин куштаи шамшери фироқаш ки манам
Ки умедӣ ба ман хаста равон ме дорад
Чун парӣ каз назари халқ ниҳон бошад ёр
Хештанро зи ман хаста ниҳон ме дорад
Рост гӯям қаду болои ҷаҳони ороиш
Чаҳ таъаллуқ ба қади сарв равон ме дорад
Гарчи аз дил баравад коми ман мискинаш
Дили ман меҳри Рахши мӯнис ҷон ме дорад
Хабарат нест нигоро ки шабу рӯзи маро
Оташи шавқи ту чун зор ва навон ме дорад
Дар фироқи гули рӯяти ҳамаи шаб то ба саҳар
Булбули ҷони ман хаста фиғон ме дорад
Ҳар ки аз ҷону сар андеша надорад дар ишқ
Чаҳ ғам аз сарзаниши халқ ҷаҳон ме дорад
Ҷон чу парвона барафшонам ва дар пои уфтам
Ки марои шамъи ҷамолаш нигарон ме дорад