Саҳаргаҳони сӯии бустони гузор бояд кард
Тафарруҷӣ ба ҷаҳон дар баҳор бояд кард
Назар ба қудрати бичўни вай чигуна ба ҷон
Ба чашми ҳуш дар ин лолаи зор бояд кард
Ки гули з хор бароварду лоларо аз хок
Назар ба сонеъи парвардгор бояд кард
Сабур бош ба дардаш дилоу дами даракаш
Назар ба ҳолати ин рӯзгор бояд кард
Нигор чун ки ба дастам наомад аз ҳиҷрон
Рухам ба хӯни ду диданигор бояд кард
Чу субҳи васли ту бар мо намешавад толеъ
Шаби фироқи ту то кӣ шумор бояд кард
Магар ки навбати васлаш ба мо расад ҳайҳот
Гузашти умр ва ҳануз интизор бояд кард
Ба домани ту чу дастам намерасад чаканам
Дили ҳазин ба дуои ихтисор бояд кард
Чу чашми маст ту гаштем бе хабари ҷоно
Казон ду лаъли ту дафъи хумор бояд кард