Дарди дилро зи ту эй дӯст ниҳон натавон кард
Ҷони ширини манӣ сабри з ҷон натавон кард
Мушкил инаст ки аз ҷаври фироқати снмо
Хӯн равад дар ҷигар ва ҳеҷ фиғон натавон кард
Ин чунин аҳд шикастан ки туро одат ва хуаст
Такя бар аҳди туу об равон натавон кард
Ман дар ин дард ки ҳастам зи фироқи рухи ту
Биҷуз аз хӯни дил аз дида равон натавон кард
Бо вуҷӯди қаду болои ҷаҳони ороят
Ҳеҷ майлӣ ба сӯии сарв равон натавон кард
Шарҳи шавқи ту қалам гуфт з ҳад берунаст
Сад забон боядам он як ду забон натавон кард
Гарчи дар дор ҷаҳон нест вафоеи лекин
Ин ҳамаи ҷаври нигоро ба ҷаҳон натавон кард