На сабр аз васли ҷонон метавон кард
На ҳиҷрон бар худ осон метавон кард
На бо дил бар тавон омад ба тадбир
На аз васли ту дармон метавон кард
На сари ишқ бо кас метавон гуфт
На манъи рӯзи ҳиҷрон метавон кард
На зи лаъли ту комӣ метавон ёфт
На тарки оби ҳайвон метавон кард
Агар бар ҷон кунад ҳукмаш равонаст
Хилофи амри султон метавон кард
Ба ид рӯй он моҳи дили афрӯз
Дилу ҷон ҳар ду қурбон метавон кард
Ту май доне ки доими зиндагонӣ
Ба буии васли ҷонон метавон кард
Диламро як шабӣ бар хон васлаш
зи лаъли дӯсти меҳмон метавон кард
Бигуфто сабр кун дар кори васлам
Сабурӣ аз дилу ҷон метавон кард
Агар ҷон аз ҷаҳон хоҳад ба фармон
Чаҳ гӯям тарки фармон метавон кард ?