То дилам бо ту ишқ бозӣ кард

Мурғи ҷон низ шоҳбозӣ кард

Дида дар ҳалқаи ду зулфаши баст

То лаби дӯст длнўозӣ кард

Дили мискини ман ба бута ӣ ҳиҷр

Рафту умрӣ ки ҷон гудозӣ кард

Ҳасад аз боди субҳи баради дилам

Зонкаҳ бо зулфи дӯст бозӣ кард

Чашми шӯхи ту ваъдаам ба висол

Дод ва дил рафт корсозӣ кард

Мунтазир буд дида бар қади сарв

Чун бидидем бениёзӣ кард

Мардум дидаам ба хӯни мижа

Хирқа ӣ ҷон бидон намозӣ кард

Дили ман бандааст ва ту Маҳмӯд

Солҳо бар дарат Аёзӣ кард

Бо вуҷӯди ғамати дилам ба ҷаҳон

Бо сеӣ сарв сарфарозӣ кард