Як дамнигор мо назарии сӯй мо накард
Раҳмӣ ба ҳоли зори ман мубтало накард
Гуфтам вафо кунад ба ғалат бо ман он санам
Баргашт аз вафо ва ба ғайр аз ҷафо накард
Шармаш наомад аз ман дили хаста ӣ ҳазин
Гӯям ки он чаҳ буд ки он бевафо накард
Султони ҳасан буд аз он рӯ вафо надошт
Аз рӯй марҳамати назарӣ бар гадо накард
Бигузашт дар чаман бар мо сарви ростӣ
Аз рӯй мардумии гузарии сӯй мо накард
Кардем ҷону дил ба ту эсор дар ҷаҳон
Ҳамчун ҷаҳон мабош ки бо кас вафо накард
Чун ҳалқа бар дараш ҳамаи дами сарзаниши кашем
Як шаб ба монигор дар васл во накард