Дилдор рафту коми дили мо раво накард
Дардам ба дил раседу диламро даво накард
Барканд яксараи дили номеҳрбони зи мо
Фикрӣ ба ҳеҷ ҳоли зи рӯз ҷазо накард
Моро миёни хӯни дилу дида ғарқа дид
Раҳмии бад-ӣни ғариби зи баҳр худо накард
Бисёр умед дод маро бар вафои хеш
Лекини зи сад умеди якеро вафо накард
Кӯси ҷафоу ҷаври бузад дар диёри ҷон
Бар ошиқони хеши дилу дайн раҳо накард
Кардем ҷон ба новаки длдўз ӯ асир
Аҳсанту ростӣ ки якеро хато накард
Як зарра дар вуҷӯди ман хаста дил намонад
Кандар замони ишқи ту майл ҳаво накард
Нанишаст муддаии зи такопуӣ дар ҷаҳон
То оқибати муроди дил аз мо ҷудо накард
Як перҳани з васл напушед беш ҷон
Кандар ғами фироқи рух ӯ қабо накард
эй дили зи дӯсти ҷумлаи ҷаҳон ком ёфтанд
Лекин ба ҳоли зори ту ғайр аз ҷафо накард