Охири ин дардам ба дармон кӣ расад
Навбати дидори ҷонон кӣ расад
Ин дили саргашта ӣ сўдоздаҳ
Аз висол ӯ ба сомон кӣ расад
Одами ошуфтаи дил дар интизор
Монда то пайғоми ризвон кӣ расад
Дил чу булбули зору нолон дар фироқ
То гули рӯйиш ба бустон кӣ расад
Дида ӣ ёқӯб бар роҳи умед
То дигар Юсуф ба канъон кӣ расад
Дардманди ишқро аз боғи васл
Ғунчае бе хори ҳиҷрон кӣ расад
Қиссаи ҷаври ғами мӯри заъиф
То ба даргоҳи сулаймон кӣ расад
Бар дар васлаши ҷаҳонии мунтазир
То ғами ҳиҷраш ба поён кӣ расад
Дили фидои ишқ ӯ кардам кунун
Мунтазир то навбати ҷон кӣ расад