Мужда Эй додам сабо эй дил ки ҷонон ме расад
Дарди давриро бидиҳ таскин ки дармон ме расад
Боди наврӯзӣ паёмӣ медиҳад сӯии чаман
Кони гули хушбӯ дар ин зӯдӣ ба бустон ме расад
Гарчи маҳрӯмии зи рӯзи давлати васлаш дило
Шукр мекун кин шаби ҳиҷрон ба поён ме расад
Гарчи дар ҳиҷрони он дилбари зи ғами саргашта Эй
Ғам махӯр каз давлати васлаш ба сомон ме расад
Гар баъӣдам аз рухи ҷонпарварат дар рӯзи ид
Лошаи шахси заъифами ҳам ба қурбон ме расад
Ҳудҳуди фархундаро шаҳр сабо омад ба ёд
Булбули сармастро дигар гулистон ме расад
намедиҳад хуршеди нӯронии зи васлаши мужда Эй
Боз дар гӯши ҷаҳон аз олам ҷон ме расад