Дилам бар оташи ишқати кабоб хуш бошад

Ба ёди лаъли лаби ту шароб хуш бошад

Ту оби чашмаи ҳайвонӣ ва манам ташна

Биё ки ташнаи лабонро ба об хуш бошад

зи шарбати лаби лаълат ба мо чашон ҷомӣ

Ки ҷоми бодаи зи лаъли музоб хуш бошад

Мапуаш рӯй худ аз чашми мо ки нест раво

Чаро ки бар маи тобони ниқоб хуш бошад

Биё ва бар сари сарчашмаи ду дида нишин

Ки сарви нози яқин дар сароб хуш бошад

Миёни боғу лаби ҷӯйу нағмаи булбул

Ба бонги чанги саҳаргаҳи хароб хуш бошад

Нигор сими тани сарвқади мӯии миён

Збодаҳи сархушу масту хароб хуш бошад

Ду зулфи саркаш ӯро ба дасти шавқу ниёз

Гирифтаи зотши рухсори тоб хуш бошад

Чу ҷамъ шуд ҳамаи асбоби айш май доне

Ки завқи айш ба аҳди шабоб хуш бошад

Назар ба рӯй чу хуршеди он санам то рӯз

Чаҳ ҷои шамъ ки дар моҳтоб хуш бошад