Ҳар киро меҳри рухи хуби ту дар дил бошад

Гар буд ғофил аз он ваҷҳ на оқил бошад

Ҳар ки дар силсила ӣ зулфи ту эй ҷону ҷаҳон

Дрнёўихт тавон гуфт ки ғофил бошад

Гарна хӯни ҷигар аз дида хӯрам дар ғами ту

Пас маро аз ғами ишқи ту чаҳ ҳосил бошад

Ҷинату равза фирдавс нахоҳад ҳаргиз

Ҳар касеро ки сари кӯии ту манзил бошад

Гар серум дар сари савдоӣ ту хоҳад рафтан

Рафтан ман зи сари кӯии ту мушкил бошад

Ман қтили ғами ишқат шудаам бокӣ нест

Агарам дасти нигорин ту қотил бошад

Муддати ҳиҷри ту аз ҳад шуд ва май дон ба яқин

Ки марои ҳиҷри ту бо марг муқобил бошад

Чун ту бар дафтари ушшоқи рисӣ нек бибин

Ки магари ошиқи длсўхтаҳ дохил бошад