То кӣ аз дидаи ман рӯй ту пинҳон бошад

Дили маҷмӯам аз он зулф парешон бошад

Сари шӯридаи мо аз ғами ҳиҷрони рахт

То кӣ эй дӯсти чунин бесар ва сомон бошад

Гуфт чунӣ зи ғами ишқи рух мо гуфтам

Ишқи ҳаркаси зи дилу ишқи ту аз ҷон бошад

Гуфт ҷон дар ивази васли туоне додан

Гуфтамаш дардам аз он пеши ту дармон бошад

Гар ба ҷонӣ бифурӯшад зи лабаши як бӯса

Эътиқодам ҳама онаст ки арзон бошад

Чун ба бустони гузарии сарви чмон аз дилу ҷон

Дар қаду қомати ту вола ва ҳайрон бошад

Ақли гуфто ки ба аз гул ба чаман рангӣ нест

Пеши ман гашти яқини кони рух ҷонон бошад

Абрувони ту чу миҳробу дилами пайваста

Ҳам ба иди рухи зебои ту қурбон бошад

Гуфтамаш коми дилами даҳ ба ҷаҳон гуфт маро

Ошиқи длшдаҳ ҳамчун ту фаровон бошад

Дард дил дорам аз айёми фироқати ҷоно

Магараши глшкри лаъли ту дармон бошад