Чу ду зулфи ту дилам чанд парешон бошад
Дидаи бахти ман аз ҳиҷри ту гирён бошад
Як дам аз давлати васл ту нагардад дили шод
Доими алдҳри дилам дар ғам ҳиҷрон бошад
Ҷигари риши ман хаста нагӯйӣ то чанд
Доимои зоташи ҳиҷрони ту бирён бошад
Сари саргашта ӣ ман дар ғами ҳиҷрат то кӣ
Бе висоли ту чунин бесар ва сомон бошад
Аз ғами ҳиҷри ту дрдисти маро бар дили танг
Ки ҳамаш як шбкии васли ту дармон бошад
Гуфт чун ман дигарат ҳаст ҳабибӣ гуфтам
Меҳр ҳар кас ба дилу меҳри ту дар ҷон бошад