Ёрӣ ки дар ӯ вафо набошад
Бо моаш биҷуз ҷафо набошад
Моро бикашад ба дарди рӯзӣ
Андешааш аз худо набошад
Хӯнами зи ситам ба роҳи резад
Аз дидау хӯн баҳо набошад
Бар ман ситам эй нигор мапаснд
Зеро ки чунин раво набошад
Бо ёр ки ҳол мо бигӯед
Донам ки ба ҷуз сабо набошад
Бар рӯйнигор шавқи мо ро
Фарёд ки мунтаҳо набошад
Он дилбари сусти меҳри бадаҳд
Бо моаш биҷуз вафо набошад
Он кист ки дар ҳаваси намӯдан
Дар банди чунин ҳаво набошад