Бар ошиқони рӯяти чандин ҷафо набошад

Зин беш ҷавр кардан бар мо раво набошад

Мо бар ҷафоят эй ҷони якбора дил ниҳодем

Зон рӯ ки дилбаронро ҳаргиз вафо набошад

Аҳдӣ ки кард бо ман бишикаст ҳамчуи зулфаш

Кардани хилофи аҳдаши ойин мо набошад

Холӣ нагашт ҳаргизи ёди ту аз замирам

Ваз дидаам хаёлати як дам ҷудо набошад

Ҳар шаби ману хаёлаш дар гуфт ва гӯй ҳиҷрем

Ореи ҳикояти мо бемоҷаро набошад

Мо кардаем ҷонро дар кори меҳри лекин

Ойини меҳрбонии расм шумо набошад

Чашми ҷаҳон чу дарёи гашт аз фироқ ва донам

Гар по наад хаёлаш дар дида ҷо набошад