Дили ошиқ чаро шайдо набошад

Ба ишқи андари ҷаҳон расво набошад

Нагӯйӣ то бкӣ эй шӯхи дилбанд

Туро пурвои васл мо набошад

Ба бустони малоҳат сарв бошад

Вале чун қад ӯ раъно набошад

Кадомин дида дар вай нест ҳайрон

Магари чашмӣ ки ӯ бино набошад

зи шавқаш дар ҷаҳон якто шудам ман

Вале бо мо дилаш якто набошад

На дил бошад ки бошад ғофил аз ёр

На сар бошад ки пар савдо набошад

Ба навъе аз ҷаҳони дил дар ту бастам

Ки бо ғайри тавъам парво набошад