Марои таҳаммули ҳиҷрони он нигор набошад
Чу булбулами ҳаваси нолаҳои зор набошад
Гулами зи даст ба дар шуд чаҳ мекунам бустон
Ба пои дили зи фироқаш ба ғайр хор набошад
Биё ба дида нишинам ки мардуми чашмӣ
Миёни мо ва ту эй дидаам ғубор набошад
Макун ҷафо ба дили риши ман ки дар ду ҷаҳон
Ба ғайри номи накӯи ҳеҷ ёдгор набошад
Ба сахту сусти замона дило бибояд сохт
Бисоз бо баду некаш чу рӯзгор набошад
Замонае аҷабу халқи ҷумла булъаҷаб анд
Ба аҳду қавлу вафои ҳеҷ эътибор набошад
Ба ихтиёр ба ҳиҷрон бакӯш чандинӣ
Чаҳ ҳосил аз ғами ишқат чу ихтиёр набошад
Чу чашми ҷодӯят эй дӯсти неки сармастам
Ба бода ӣ лаби лаълати ғам хумор набошад
Ҷаҳон вафо накунад бо касе яқин май дон
На бо ман ва ту ки ин сифла пойдор набошад