Чун чашми хушати наргис махмур набошад

Бе рӯй ту дар дида ӣ мо нур набошад

Бисёр буд бандаи туро лек чу доъӣ

Як банда ӣ бечора маҳҷӯр набошад

Ҳолести маро бо сари зулфи ту валикин

Бар ҳоли ман ар раҳм кунӣ давр набошад

Гар ҷинат ва фирдавс диҳандам ба ҳақиқат

Донам ки ба монандаи ӣ ту ҳур набошад

Вар низ буд ҳур чаҳ арзад ки яқинаст

Кони ҳури париваш чу ту манзур набошад

Чун чашми ту наргис набӯд дар ҳамаи бустон

Ҳамчун рухи ту сӯсан ва кофур набошад

Дардӣ ки буд аз ғами ту дар дили бемор

Он сиҳҳат куллӣаст ки ранҷур набошад

Шукраст ки гул дар рамазон нест ки ӯ ро

Одат ҳама онаст ки мастур набошад

Фарёд ки рӯзасту бунафшаи сари бозор

Лекин чаҳ кунам то рамазон зӯр набошад

Хайрӣу самани сӯсани алвону бунафша

Ҷамъаст кунун чун ба ҷаҳон сур набошад