Бар хастаи дилони ҷавр аз ин беш набошад

Неши ситами охир ба сар риш набошад

Маҷрӯҳи дил хастаам аз теғи фироқаш

Дар нӯши лабати баҳраи биҷуз неш набошад

Ҳаркас хӯрд охири ғами аҳволи дили хеш

Моро ба ғами ишқи ғам хеш набошад

Бегона ба ҳоли ман дилдодаи ббхшўд

Мушкил ки тараҳҳум ба дил хеш набошад

Ҷон дар тани маҳҷӯри ман эй нури ду дида

Бе суҳбати ширини ту коряш набошад

Гуфтам ки кунам ҷону ҷаҳон дар сари кораш

Қавли ман бечора камобеш набошад

Бечораи диламро з чаҳ рӯй эй бути ма рӯй

Дар боргаҳи васли ту боряш набошад

Бори ғами ҳиҷрони ту мушкил буд аммо

Аз ҷавр ва ҷафоҳои ту ёряш набошад

Дар соя инсоф бидорам ки ҷаҳон ро

Ҷузи даргаи алтофи ту ҷойяш набошад

Мо мунтазири лутф ту магузор ки гӯйанд

Султони ҷаҳонро ғам дарвеш набошад