Марои ҷузи меҳри ту дар дил набошад

Ҷузи оби ишқи ту дар гул набошад

Агар сад ҷони даҳум дар орзӯят

Биҷузи дарди дилам ҳосил набошад

Маро осон набошад аз ту даврӣ

Туро ҳиҷрони мо мушкил набошад

Марои андешаи васли ту будӣ

Аҷаб донам агар ботил набошад

Туро бисёр ошиқ дар ҷаҳонаст

Чаро номи ҷаҳон дохил набошад

Бад-ӣни зорӣ ки дар ишқат ҷаҳонаст

Туро раҳмӣ чаро дар дил набошад