Чаро дарди маро дармон набошад

Чаро ҷони маро ҷонон набошад

зи рӯзи васлат эй султони хубон

Сари моро чаро сомон набошад

з ҳад бигузашт дарди иштиёқат

Шаби ҳиҷри туро дармон набошад

Марои ҷонӣ ва то кӣ давр бошӣ

Ҳамоно сӯрат беҷон набошад

Ҳамеи гӯйӣ ба тарки ишқи мо гир

Бар мо тарки ҷон осон набошад

Чӯбед аз дарди даврии як замон нест

Ки дил дар синаам ларзон набошад

Ба буии васлат эй дилдори танноз

Дилам чун дар ҷаҳон ҷӯён набошад