Дили хубони чунин сангин набошад
Ҷафо бар бедилон чандин набошад
Ба чин бар ма ниҳанд аз зулфи парчин
Вале чун зулфи ту дар чин набошад
Миёни ошиқонат гар бипурсӣ
Яке ҳамчун ман мискин набошад
Касе каз сар ишқат нест огаҳ
Мар ӯро ҳам дил ва ҳам дайн набошад
Ба фари давлати васлати нигоро
Марои фикрӣ аз он ва ин набошад
Ҷафо бар ошиқон ояд зи маъшӯқ
Валикин дар миёна кин набошад
Вафодорати манам эй ҷон агарчӣ
Ҷаҳонро ҷузи вафо ойин набошад