Дидае ков ба сари кӯии вафо раҳбар шуд

Бетакаллуф ба ҳамаи малики ҷаҳон сарвар шуд

Дидаам бету намедид ҷаҳонро гӯйӣ

Тўтёии шаби васли ту варо раҳбар шуд

Ҷон ҳаме дод дилам дар ҳаваси дидорат

Шукри яздон ки ба меҳри рухи ту бимр шуд

Фасл айём баҳорасту лаб ҷӯй хушаст

Лек бо зевари ҳасани ту кунун беҳтар шуд

Сӯсан аз ҷумлаи раёҳин чу ба бӯи камтар буд

Буи хилқат бишунид ӯу забон овар шуд

Ёри ман давр шудӣ боз надонам худ ро

Чаҳ кунам бо ту марои дидау дил хугар шуд

Оташи ишқи ту ҳар лаҳза фузунаст маро

Меҳри мо рӯз ба рӯз аз дили ту камтар шуд

Ҷон бидодам ба умеди шаби васлати борӣ

Рӯзӣ мо нашуд ва зон касе дигар шуд

Аз парокандагии ҳоли ҷаҳон бе хабарӣ

Зулфи гумроҳи ту зон рӯй чунин кофар шуд