То чанд зи ҳиҷрати дилам эй ёр бинолад
Бе рӯй ту шаб то ба саҳар зор бинолад
Аз ҳасрати лаъли шаккарини ту чу тӯтӣ
Дар банд қафас гашта гирифтор бинолад
Ҳар шаб ба сари кӯии ту аз дарди ҷудоӣ
Фрёдкнон аз ғам дилдор бинолад
Бовар натавон дошт аз ӯ лофи муҳаббат
Гар ошиқи гул дар чаман аз хор бинолад
Рӯзӣ ки қадам ранҷа кунӣ бар сари бемор
Маъзӯри ҳамеи дор чу бемор бинолад
Чандон зи ғами ишқи ту эй дӯст бинолам
Каз сӯзи дили ман дар ва девор бинолад
Ҳар шаби зи ғами ҳиҷри ту то субҳ бинолам
Чун мурғи саҳар дар ғам гулзор бинолад
Чун кори ҷаҳон беситамӣ нест ҳамеи соз
Кон ёр нахонанд ки аз ёр бинолад