Чун ту чашми марҳамат бар ҳоли мо хоҳӣ фиканд

Беш аз ин ҷавру ҷафо аз ту намедорам писанд

Вари маро аз оташ ҳиҷрон бихоҳӣ сӯхтан

Хок роҳат гаштаам бедоду хорӣ то ба чанд

эй бути номеҳрбони ҳаддӣ буд ҳар чиз ро

Мурғи ҷонамро ту то кӣ дории андари қайду банд

ё зи бандаши даҳ халосӣ ё бикаш то вораад

Панд ман бишинав азин бениш ба зулф худ мабанд

Май кашӣ ва май кашии моро бдоми зулфи худ

Чун кашад худро зи шастати оҳӯии сар дар каманд

Бо қад чун сарв ва бо ин ориз ҳамчун саман

Бо рух ҳамчун гулу лола ба лаъли ҳамчуи қанд

Дили рабӯд аз дастами он дилдори шаҳрошӯби боз

Бо қад чун сарву чашми шӯху зулф чун каманд

Чун рабӯдии дили з дастам рафтам аз дили ҳушу сабр

Беш аз ин мапаснд бар мо аз ғами ҳиҷрони газанд

Чун манам андари ҷаҳон аз ишқи саргардон чаро

Он бути ма рӯй аз дили бехи меҳри мо бикунад

Гуфтам ар оеи шабии меҳмони мо Лутфӣ буд

Гуфт рӯ ҳарза магӯ зонҷо бирав бар худ маханд