Холӣаст бар он лабони дилбанд
Ҳамчун магасӣ нишаста бар қанд
Чандон ба киришмаи шева ҳо кард
То кард дилам ба зулфи побанд
Аз мо брбўди сабру ором
То зулф ба рӯй ма пароканд
Он ғамза ӣ шӯхи ҳамчуи пайкон
Мурғи дили мо ба домаши афканд
Барадии дили олимӣ ба дастон
Ин саркашӣу итоб то чанд
Аз силсилаи ду зулфи мишкӣн
Тори дил мо фитод дар банд
Девонаи дилами зи пери маънӣ
Ҳосил чаҳ буд чаҳ нашунӯд панд
Бори ғами ишқ бар дили ман
Кӯҳӣаст азим чун дамованд
Меҳри рухи он санами ту гӯйӣ
Бо ҷон ҷаҳонаш ҳаст пайванд
Аз бандаи гуноҳ агарчӣ бошад
Ҳам афв кунад магари худованд