То чанд бо дили ман мискин ҷафо кунад
Он бевафонигор ба тарк вафо кунад
Ҳаст ӯ табиби ин дили маҳзуни нотавон
Воҷиб кунад ки дарди диламро даво кунад
Комами зи шарбати шаб ҳиҷрон шудаст талх
Комам чаҳ бошад ар зи лаби худ даво кунад
ӯ подшоҳи ҳасану малоҳат аз он шудаст
То гӯшу ҳушу дида ба сӯй гадо кунад
Он сарви нозанин чаҳ шавад дар миёни боғ
Гар пушт бар ҷафои худу рӯ ба мо кунад
Дили барад аз ду дастам ва дар хӯн ҷон шудам
Бо дӯстон бипурс чаро моҷаро кунад
Ҳоли ман ғариб ки гуяд ба пеши дӯст
Ореи магар ки боди сабои ин адо кунад
Бо дилбарам бигӯӣ ки бегона ху чарост
Вақтаст кови назар ба сӯй ошно кунад