Дарди моро даво тавонад буд

Зон ҷафоҷу вафо тавонад буд

Дилбар аз ин даҳони ширинат

Коми ҷонам раво тавонад буд

Ҳолати дарди мо ки арза диҳад

Пеш ӯ ҷуз сабо тавонад буд

Гуяд он дардҳо ки бар дили мост

Нознино раво тавонад буд

эй бути дилрабо ба аҳди рахт

Ҳечкас порсо тавонад буд

Пои басти ғам ва балост дилам

Зон ду зулф дўто тавонад буд

Ту марои ҷонӣу зи ман даврӣ

Тани зи ҷон чун ҷудо тавонад буд

Он бут аз лутфи хештан бо ман

Як нафас гўиё тавонад буд

эй бут бевафо ба ҷони ҷаҳон

То ба кӣ ин ҷафо тавонад буд

Бе ту ҷон дар танами накӯи нафасӣ

эй ду дида куҷо тавонад буд

Дили маҳҷӯри ман ба дарди фироқ

Беш аз ин мубтало тавонад буд

Ман шикастаи дилам чу зулф батон

Васл ӯ мумиё тавонад буд

Хоки пои ту дар ду чашми басар

Длбро тўтё тавонад буд

Суҳбати оннигор шаҳри ошӯб

Ҳеҷ бемоҷаро тавонад буд