Марои хаёли ту то дар замир хоҳад буд

Гумон мабар ки зи ишқам гзир хоҳад буд

Ҳавои меҳри дили ман зи ҷону дили шабу рӯз

Мудом дар паии моҳ мунир хоҳад буд

Ман аз ҷафои ту рӯй аз дарат нгрдонм

Ки ҳар чаҳ дӯст кунад дилпазир хоҳад буд

Маро ба моҳу ситораи назар куҷо бошад

Чу дар хаёли ман он беназир хоҳад буд

Чу рӯ ба каъба ӣ ҷон кардаам ба пои дилам

Тамоми хори муғелон ҳарир хоҳад буд

Азизи ман дили ман дар чаҳ занхдонат

Ба сони Юсуфи мисрӣ асир хоҳад буд

Назари з рӯй ҷавонон ҷаҳон нахоҳад дошт

Гараш ҳазор ғам аз чарх пер хоҳад буд