Фурӯғи ҳасани ту то дар камол хоҳад буд

Забони фикри ман аз мадҳ лол хоҳад буд

Ҳароми бод бар онкас ҳамеша хобу қарор

Ки гуфт хӯни дили мо ҳалол хоҳад буд

Ба ҷон расед дили мо зи ҳиҷри ту то кӣ

Туро зи суҳбати мо ин малол хоҳад буд

Ба ҳасан такя макун беш аз ин ки ҳам рӯзӣ

Камоли ҳасани туро ҳам завол хоҳад буд

Агар чу авди навозӣ ба васлам аз ҳиҷрон

Яқин ки оқибатам гӯшмол хоҳад буд

Агар ҷаҳони ҳама ҳурӣ шаванд пайваста

Ду дидаам нигарон ҷамол хоҳад буд