То мадори фалаку давр ҷаҳон хоҳад буд
Дили ман толиби васли ту ба ҷон хоҳад буд
Бар ман хастаи назар гар фиканӣ аз сари лутф
Асари ҳиммати соҳиб назарон хоҳад буд
Дида то бар қади он сарв равон бигушоем
Хӯнам аз дида ӣ ғами дида равон хоҳад буд
Хастаи бори фироқи тавъам эй ҷони азиз
Гули васли ту ба даст дгарон хоҳад буд
Гарчи дидӣ зи фалаки ҷаври фаровон эй дил
Дили қавии дор ки хайри ту дар он хоҳад буд
Дил гум гашта моро ки нишон хоҳад дод
То зи ҳасанаш ба ҷаҳони ном ва нишон хоҳад буд
То равон бошаду ҷонам ба лаб ояд зи ғамаш
Хотирами моили он сарв равон хоҳад буд