Дарди моро даво нахоҳад буд
Комам аз лаб раво нахоҳад буд
Нознинои хаёли талъати ту
Аз ду чашмам ҷудо нахоҳад буд
Ҳоли мо пеши ту ки арза диҳад
Муҳаррамами ҷуз сабо нахоҳад буд
Ҷавр то кӣ кашам бигӯ зи ғамат
Зулм бар мо раво нахоҳад буд
Аз чаҳ рӯи длброи миёнаи мо
Биҷуз аз моҷаро нахоҳад буд
Ҷавр аз ин бештар макун ки маро
Тоқати ин ҷафо нахоҳад буд
Ман зи рӯз нахуст донистам
Ёри моро вафо нахоҳад буд
Бо ҳамаи ҷаври лутфи ҷони бахшат
Фориғ аз ҳол мо нахоҳад буд
Фикру тадбир ва ройҳои савоб
Монеъ ҳар қазо нахоҳад буд
Шак надорам ки подшоҳи ҷаҳон
Назараш бар хато нахоҳад буд