Бе рухи ту наме тавонам буд
Зонкаҳи васли ту чун равонам буд
Дидан рӯй ту ба ҷони ҷустам
То марои тоқат ва тавонам буд
Дили ббрдӣу тарк мо гуфтӣ
Бар ту эй ҷон кӣ он гумонам буд
Он қади ҳамчуи сарв ва он лаби лаъл
Мӯниси ҷони нотавонам буд
Бар сари кӯй ҳарки бигузаштам
Аз ғами ишқи достонам буд
Ба сару ҷони ту ки бо ғами ишқ
Хотирии фориғ аз ҷаҳонам буд
Фош шуд дар ҷаҳони ту то доне
Бо ту сиррӣ ки дар ниҳонам буд
Бар ман хастаи дил канора гирифт
Дасти сарвӣ ки дар миёнам буд
Ту зи ман фориғ ва ман аз ғами ту
Ҳамаи шаби сар бар остонам буд