Чун маро бо ишқи ту дардӣ буд
Дар миёни моҷарои гардӣ буд
Бори ишқ ӯ ба ҷон ва дил кашад
Дар вафодорӣ агар мардӣ буд
Бишиканади бозори гармам дар висол
Дар ҷаҳон ҳар ҷо ки дами сардӣ буд
Рӯй ту бо моҳ чун нисбат кунам
ӯ ки ҳарҷоеу раҳи гардӣ буд
Роҳи ишқатро ба мардӣ биспурам
Кӯрии он кас ки номардӣ буд
Дил ба дасти дилбарӣ афканда ам
Ҷони фидои нозпрўрдӣ буд
Бар дили бечора ӣ ман раҳ зада
Ҳркҷои андари ҷаҳони дардӣ буд