Дил бар шаби висоли ту раҳбар наме шавад

Нақши хаёли ту з баробар наме шавад

эй дил сабур бош ба ҳиҷрони он санам

Чун давлати висол муяссар наме шавад

Рухсораам чу зар шуда аз шиддати фироқ

Чун кори ошиқони ту безар наме шавад

Таҳқиқ шуд кунун ки гадои шаби висол

Бе ваҷҳи рӯзи васл тавонгар наме шавад

Сабр аз рух чу моҳи ту зини бештари маро

Бисёр озмудам ва дигар наме шавад

Аз лутф ҷон физой ту эй дӯст дар ҷаҳон

Он кист кӯи зи ҷон ба ту чокар наме шавад